Дар бораи мо

Дар бораи ДТРЗС

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии иқтисодиёт, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2026, таҳти №120, Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Донишкада мутахассисони соҳибкасб, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамии муосирро омода менамояд ва фаъолияти худро дар самти технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, муҳандисии барномавӣ ва иқтисоди рақамӣ равона кардааст.

815
Донишҷӯён
40
Гурӯҳҳои таълимӣ
24
Синфхонаҳо
600
Ҷойҳои нишаст
37
Омӯзгорон
Дар бораи ДТРЗС
Сохтор ва инфрасохтор

Сохтор ва инфрасохтор

Донишкада 4 кафедра дорад: Барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ, Технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ, Фанҳои гуманитарӣ, Фанҳои табиӣ ва риёзӣ. Айни замон дар Донишкада 815 донишҷӯ дар 40 гурӯҳи таълимӣ-академӣ таҳсил менамоянд. Барои гузаронидани дарсҳо 24 синфхонаи таълимӣ бо 600 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

Барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ
Технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ
Фанҳои табиӣ ва риёзӣ
Фанҳои гуманитарӣ

Омодаед ба мо ҳамроҳ шавед?

Қисми ҷамоаи академии мо шавед ва ояндаи худро бисозед

Дар бораи қабул маълумот гиред